АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ВАРЗИШ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 10 август дар саросари ватани азизамон варзишгарон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин санаи фархунда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша чорабиниҳо таҳия гардида дар ин самт як қатор чорабиниҳои оммавӣ дар ҳудуди ноҳия роҳандози гардида истодааст. Бо ин мақсад санаи 8 августи соли равон аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр собиқадорони соҳаи варзишӣ ноҳия Раҳимов Хушвахт ва Абдураҳмонов Давлат аёдат карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки Раҳимов Хушвахт ва Абдураҳмонов Давлат барои рушду нумуи варзиши ноҳия ва бамкамол расонидани варзишгарон дар риштаҳои гуногуни варзиш саҳми намоён гузоша, умри худро дар ин ҷода фидо кардаанд. Зимни аёдат раиси ноҳия ба собиқадорони соҳа барои тарбияи шогирдон ва муаррифи намудани варзишӣ ноҳия дар миқёси Тоҷикистони азизамон изҳори сипос ва минатдори баён намуданд. Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия ба собиқадорон сипосномаҳои раиси ноҳия ва мукофотҳои пули тақдим карда шуд. Аз ҷониби Раҳимов Хушвахт ва Абдураҳмонов Давлат барои таваҷҷуҳи бевоситаи ба соҳаи варзиш ва собиқадорони соҳа изҳори сипос карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.