ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 10 август дар саросари ватани азизамон варзишгарон таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 8 августи равон дар Боғи Ғалабаи ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, варзишгарони ноҳия ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз намоишгоҳи дастовардҳои варзишгарони ноҳия дидан намуда, барои бозҳам баланд бардоштани нуфузи варзишии ноҳия ба варзишгарон маслиҳатҳои муфид доданд. Раиси ноҳия дар назди ҳозирин суханрони намуда, ҳамаи иштирокдорон ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрику муборакбод гуфта иброз доштанд, ки Рӯзи варзишгарони кишвар дар рӯзҳое баргузор гардида истодааст, ки имрӯзҳо тамоми варзишгарону мухлисони соҳаи варзиши ҷаҳон аз баргузории бозиҳои Олимпии “Париж -2024”, ки аз рӯйи 32 намуди варзиш ҷараён дорад, истиқбол намуда истодаанд.

Боиси хурсандии кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгарони номвари меҳан аст, ки дар ин бозиҳои Олимпӣ Тоҷикистони азизи моро зиёда аз 18 нафар варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ намояндагӣ намуда, Маҳмадбеков Сомон, Раҳимов Темур ва БолтаевДавлат алакайбо гирифтани се медали биринҷӣноми Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои дорои медали бозиҳои Олимпӣ сабт намуданд.

Варзишгарони муваффақи ноҳия давоми фаъолияти ҳисоботӣ аз мусобиқаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 42 медал, аз ҷумла 11 медали тилло, 6 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гардиданд, ки бо ин васила шарафи варзиши ноҳияро дар мусобиқаҳои мазкур муаррифӣ намудаанд.

Боис ба ёдоварӣ аст, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба зиёда аз 50 нафар наврасони мактаби варзишии махсуси Футбол аз 5 то 10 июли соли равон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар 14 мусобиқаҳои футбол иштирок намуда, дар ҳамаи мусобиқаҳо ғолибият ба даст овардаанд, ки ин боиси ифтихор аст.

Дар қисмати дигари чорабинии мазкур як қатор мусобиқаҳои варзишие, ки ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар ноҳия идома дошт ҷамъбаст карда шуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин варзишгароне, ки дар ин давра дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, парчами ватани азизамонро баланд бардоштанд бо сипосномаҳои Раиси ноҳия ва туҳфаҳо дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳангӣ ноҳия барномаи консертии идона омода карда шуда, манзури ҳозирин гардонида шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.