БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО НАВДАЪВАТШАВАНДАГОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯ
Дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади баргузор намудани вохӯриҳо бо навдаъватшавандагоне, ки дар даъвати тирамоҳиии соли 2024 ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад. Дар ин радиф дар ҷамоати шаҳраки Ёвон ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гулсара Юсупова, Ҳасан Ҳусейнов ва Даҳана вохӯрӣ бо навдаъватшавандагон баргузор гардид. Дар вохӯриҳои мазкур муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндаи комисариатии ҳарбии ноҳия ва сархатиби ноҳия иштирок намуданд. Ҳамзамон дар вохӯриҳои муазкур падару модарон ва худи ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2024 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ шомил мешаванд ҳузур доштанд. Муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат дар ҳамаи баромадҳояшон ба падару модарон барои тарбияи фварзандон дар руҳия хештаншиносию ватандӯстӣ аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Дар фарҷоми ҳамаи вохӯриҳо ба падару модарон ва ҷавонони далеру шуҷои Ватан сипосномаҳо дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.