ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МАОРИФЧИЁНИ НОҲИЯ.

Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва шароити мусоид фароҳам овардан барои иломӯзии хонандагон санаи 17 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо иштироки сардори Раёсати кор бо кадрҳои вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Шамсиддин вохӯрии судманд бо аҳли маорифи ноҳия доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва мудирони муассисаҳои томактабии ноҳия иштирок намуданд. Нахуст раиси ноҳия суханрони намуда, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, муассисаҳои наву замонавӣ дар гушаву канори мамлакат сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар ноҳияи Ёвон низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷояги бо соҳибкорони ноҳия барои баланд бардоштани шароити таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимии ноҳия дар назди муассисаҳо синфхонаҳои иловагии замонавӣ сохта шуда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад. Инчунин дар баромади Саъдуллозода Шамсиддин намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон суханронӣ карда шуд. Дар вохӯрии мазкур бо пешниҳоди раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Кенҷаев Раҷабмурод таъин карда шуд. Раиси ноҳия кадри навтаъиншударо табрику муборакбод намуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар фарҷом аз ҷониби раиси ноҳия ба мутахассиси пешбари шуъбаи маориф Бобоев Саидбек, ки мудити 4 моҳ ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифро ба уҳда дошт барои фаъолияти босамар бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.  

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.