Таърихи ноҳия
ТАВСИФИ УМУМИИ ВОДИИ ЁВОН
Водии Ёвон то соли 1920 яке аз амлокдориҳои Бекигарии Ҳисори Аморати Бухоро маҳсуб меёфт. Водӣ соли 1920 номи «тумани Ёвони вилояти Душанбеи Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро»-ро гирифт, аз соли 1927 ба ҳайати вилояти Ҳисори Ҷумҳурии Мухтори Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон шомил буд, аз соли 1929 то соли 1934 яке аз воҳидҳои маъмурии ноҳияи Лақайтоҷики округи Ҳисори РСС Тоҷикистон ҳисоб меёфт ва 11 июни соли 1934 дар асоси Қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон бо номи ноҳияи Ёвон таъсис ёфтааст.
Аз нигоҳи этимологӣ калимаи «Ёвон» аз забони авастоии yavanha сарчашма гирифтааст, ки маънии он «чарогоҳ» мебошад. Ин калима мафҳуми «водӣ»-ро низ ифода мекунад (водӣ- мавзее, ки барои чарогоҳ ва зироаткории лалмӣ мувофиқ аст).
Яке аз тадқиқотчиёни нахустини водии Ёвон Юркевич Э.А. доир ба вожаи «Ёвон» нуқтаи дигареро зикр намудааст, хеле ҷолиб аст. Ба андешаи ӯ, вақте ки Искандари Мақдунӣ дар замони лашкаркашии худ ба ин макон мерасад, сокинони маҳаллии водӣ юнониҳои мақдуниро «явана» ном мебаранд. Мавсуф барои тақвияти фикри худ Ҳиндустонро мисол меорад, ки он ҷо низ юнониҳоро «явана» мегуфтанд (Юркевич, 1965, с.167).
Ковишҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки водии Ёвон дар давраи антиқӣ (асри III то милод — асри IV милодӣ) нисбатан ободтар будаааст.
ТАФСИФИ ҶУҒРОФИИ ВОДИИ ЁВОН
Ноҳияи Ёвон аз се ҷониб (шимол, шарқ ва ғарб) бо қаторкӯҳҳо иҳота гардида, дар самти ҷанубӣ ба водии Вахш мепайвандад. Тӯли водӣ аз самти шимолу шарқӣ ба ҷанубу ғарбӣ 55 км; арзи он дар қисматҳои шимолу шарқӣ 0,8-1 км, марказӣ 19 км, ҷанубу ғарбӣ то 30 км аст. Масоҳати умумии водӣ 976,2 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Қисмати шимолии водӣ аз ағбаи Зардолу то шаҳраки Ёвонро дарбар гирифта, 216 км2-ро ташкил медиҳад. Ландшафташ кӯҳӣ буда, танҳо 18 км2 он ҳамворӣ аст. Дар самти шарқии қисмати шимолии Ёвон қаторкӯҳи Қаратоғ бо баландии 1720-1750 метр аз сатҳи баҳр қомат афрохта, дарёи Вахш ва рӯди Ёвонро аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Дар самти ғарбӣ, миёни рӯди Ёвон ва дарёи Кофарниҳон қаторкӯҳи Боботоғ (кӯҳҳои Рангон ва Норин) ҷой гирифтааст, ки баландии он аз 700 то 1400 метр аст.
Иқлими водӣ. Гармии моҳи июл ба ҳисоби миёна +31О С буда, то 44-45О С баланд мешавад. Гармии моҳи январ ба ҳисоби миёна +4О С аст. Сатҳи боришот гуногун буда, дар як сол дар қисмати ҷанубӣ 270-300 мм, дар шимол 600 мм-ро ташкил медиҳад. Зимистон сатҳи боришот ба 266 мм, баҳор ба 205 мм, тобистон ба 7 мм ва тирамоҳ ба 143 мм баробар мешавад.
Хоки водӣ. Водии Ёвон ба минтақаи даштии Тоҷикистон шомил мебошад. Хоки ин ҷо аксаран одии тира буда, дар таркибаш гумус ва оҳак дорад ва аз ҳамин ҷиҳат, ба шӯршавӣ бештар дучор мегардад. Дар баландиҳои 700-1000 метр дар натиҷаи боришоти зиёд ва ҳосилхез шудани қабати болоӣ, тирахок ба сиёҳзамин мубаддал гардидааст. Тирахок барои кишти лалмии гандум ва лӯбиёгиҳо мувофиқ мебошад.
Илова бар водӣ, қисмате аз соҳилҳои дарёи Вахш низ ба ҳудуди марзию маъмурии ноҳияи Ёвон шомил мебошад.
АҲОЛИИ ВОДИИ ЁВОН
Қисмати аксари аҳолии водӣ аз тоҷикони муқимӣ ва лақайҳо, қарлуқҳо ва қунғуротҳои баъдан маскунгашта иборат аст.
Дар давраи асримиёнагӣ дар водии Ёвон танҳо тоҷикон иқомат доштанд. Мутобиқи нишондодҳои этнографӣ дар охири асри XVIII, асри XIX ибтидои XX харитаи ҷойгиршавии аҳолии ноҳия чунин буд:
Тоҷикон асосан дар қисматҳои шимолӣ ва шарқӣ- деҳаҳои Мирзоӣ, Гулхор, Севак, Ғулакандоз, Пӯстхур, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён, Зулмобод, Қамбарӣ, Даҳана, Чаманзор, Хучак ва ғайраҳо иқомат доштанд. Дар деҳаи Ғарав тоҷикону лақайҳо мезистанд.
Аз рӯи маълумоти гуногун як қисмати аҳолии водӣ дар асрҳои XVIII то ибтидои XX аз навоҳии Кӯлоб, Балҷувон, Норак ва Файзобод кӯчида омадаанд.
Лақайҳо ва қарлуқҳо дар асри XVII ва асри XIX ба ин ҷо омада, қисмати ғарбии водии Ёвонро маҳали иқомат интихоб кардаанд. Ба қавли М.Ҳамроев, ки дар оғози асри XX аз Бухорои Шарқӣ дидан карда буд, «Лақайҳо қавми сернуфустарине ҳастанд, ки дар қисмати шарқии Бекигарии Ҳисор маскун шудаанд. Онҳо аз ду авлоданд. Авлоди Эҳсонхуҷа барои зиндагӣ амлокдории Султонобод ва Ёвонро интихоб кардаанд» (Ҳамроев, 1959).
Соли 1924 дар водии Ёвон ҳамагӣ 9038 нафар аҳолӣ сукунат дошт, ки аз он 7625 нафар тоҷикон ва 1410 нафар узбекон (лақайҳо ва қарлуқҳо) буданд.
Солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, бо обшор гардидани водӣ ва оғози сохтмони иншооти муқтадири саноатӣ, аз навоҳии кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои Қаротегин ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳазорҳо нафар мардумон ба водии Ёвон кӯчонида шуда, аз солҳои 30-юм то 70-уми садаи пешин намояндагони чандин халқу миллатҳо низ (асосан русҳо) маскуни ноҳия гаштанд. То оғози солҳои 90-уми асри XX дар водии Ёвон ғайр аз тоҷикони муқимӣ намояндагони беш аз бист халқу миллатҳо иқомат доштанд, ки ин барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва вусъати мафкураи аҳолии он мусоидати фаъол намудааст. Мутаассифона, дар натиҷаи бесарусомониҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, бисёр сокинони ғайритоҷики водӣ (русҳо, немисҳо, ҷуҳудҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо ва ғайраҳо) ба сарзаминҳои бобоии худашон кӯч бастанд.
ТАЪРИХИ ТАҲҚИҚОТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ВОДИИ ЁВОН
Аввалин маълумотҳо дар бораи Осиёи Миёна дар навиштаҳои таърихнигорони Юнони қадим Страбон, Полибия, Ариана, Квинт Куртсий Руф, Ксенафонд, Плутарх вомехӯранд. Онҳо мавқеи ҷуғрофии Бохтарро тавсиф намуда, дар ин минтақа мавҷуд будани ду вилоят- Паратакен ва Бубакенро зикр кардаанд. Дар адабиёти илмӣ Паратакен ҳамчун водии Ҳисор ва Бубакен Хатлони муосир дар назар дошта мешавад. Ба гумони ғолиб, он замон водии Ёвон ба ҳайати Бубакен шомил буд, аммо, аз нигоҳи он ки ин минтақа дар асрҳои XVII- XIX ба ҳудуди Бекигарии Ҳисор дохил буд, дар ҳайати Паратакен будани он низ аз эҳтимол дур нест.
Сайёҳи рус Хаников Н.В., ки солҳои 40-уми асри XIX ба Қӯрғонтеппа, Норак, Файзобод ва Ҳисор сафар кардааст, аз ағбаҳои Зардолу, Чормағзак ва Тиян ёдоварӣ мекунад (Хаников, 1843).
Н.А.Маев вилоятҳои алоҳидаи Бухорои Шарқиро тавсиф намуда, аз Ёвонтоғ ёдовар шудааст: «Аз баландии кӯҳи Ёрҷид кӯҳу теппаҳои Ёвонтоғ намоёнанд. Аз дурӣ онҳо камранг намоянд ҳам, воқеан чарогоҳҳои сарсабзанд. Ёвонтоғ як шохаи қаторкӯҳи Ҳисор аст, ки ба самти шимолу ғарб тӯл мекашад ва қисмати охири он Ёрҷид ном дорад». (Маев, 1879, с.199).
Д.Н.Логофет, ки дар ибтидои асри XX аз канори дарёи Кофарниҳон гузар карда буд, Ёвонро амлокдории даҳуми Бекигарии Ҳисор дониста, онро Ёвон-Чертак меномад (Логофет, 1911, с.248). Дар харитаи Хонигарии Бухоро, ки дар ҳамин китоб ҷой дода шудааст, водии Ёвон тасвир ёфта, дар ҳудуди он деҳаҳои Ёвон, Қӯрғон-Кунчӣ, Санги Муғул ва рӯди Ёвон нишон дода шудаанд. Ёвонрӯд аз ағбаи Зардолу ибтидо гирифта, ба кӯли Қаракӯл мерезад (Логофет, 1911). Ҳоло кӯли мазкур вуҷуд надорад. Дар харитаи Хонигарии Бухоро, ҳамчунин, роҳе тасвир шудааст, ки аз ағбаи Зардолу оғоз ёфта, ба самти ҷанубии водӣ тӯл мекашад (дар ҷойи роҳи кунунӣ, ки ноҳияи Ёвонро бо ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мепайвандад).
Аз ин ва дигар маълумотҳо бармеояд, ки водии Ёвон дар охири асри XIX ва аввали асри XX (шояд пештар аз он ҳам), ба Бекигарии Ҳисор шомил буд. Сайёҳоне, ки аз ин водӣ гузар кардаанд, мақоми амлокдории Ёвонро гуногун арзёбӣ намудаанд. Н.Н.Покотило водиро амлокдории 11-ум дониста, онро Ябай (Ябайский) меномад, Лилиентал бошад, амлокдориро дар ҷойи 16-ум монда, онро Ёвон (Яван) унвон додааст.
Дар даврони Шӯравӣ бори нахуст солҳои 30-юми асри XX кишваршинос В.Р.Чейлитко ба водии Ёвон сафар карда, аз чӣ бошад, ки дар ин ҷо ёдгориҳои кӯҳанро ошкор накардааст. Соли 1943 бо мақсади кашф намудани бошишгоҳҳои мағории асри санг аз ҷониби Н.С.Замятнин ва М.З.Паничкина дар водии Ёвон таҳқиқоти бостоншиносӣ анҷом дода шудааст, вале мутаассифона, онҳо низ муваффақ намегарданд ва муддати тӯлонӣ дар ин самт кори дигаре анҷом намепазирад.
Нахустин нишонаҳои асри сангро дар водии Ёвон соли 1958 Ю.А.Крилков кашф намудааст. Ӯ аз ҳудуди деҳаи Ғофилобод лавҳаи навъи мустерӣ (пластина мустьерского типа), аз деҳаи Тутбулоқ шикастапораи калони ҷинси кӯҳии санги самоқ (самоқ- порфира (русӣ) ва дар наздикии шаҳраки Ёвон (канори рости Ёвонрӯд) аз чуқурии 4 метр, дар қатори сафолпораҳои аз давраҳои гуногун боқимонда, шикастапораи ҷинси кӯҳиро дарёфт кардааст.
Солҳои баъдӣ олимону пажуҳишгарони зерин дар водии Ёвон тадқиқотҳои илмӣ-бостоншиносӣ анҷом додаанд:
-Зеймал Т.И. (1960), Ходунова В. (1961, Чаманзор);
-Каримова Ф. (1962, Чаманзор, Чароғчӣ);
-Юркевич Ю.А. (1961-1965, ёдгориҳои давраҳои қадим ва асримиёнагии Ғаравқалъа, Чароғчӣ, Ҳирмон, Сарқамишро кашф кардааст. Бо дархости ӯ топографҳои Институти геохимикии Москва бо сарварии Алейников А.С. шаҳраки Ғаравқалъаро бо усули тахиометрӣ аккосӣ кардаанд);
-Экспедитсияи васеи бостоншиносӣ аз ҷониби Институти таърихи ба номи А.Дониши АИ Тоҷикистон таҳти роҳбарии аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон профессоср Литвинский Б.А. бо узвияти Отахонова Т.М. (1963-1966- Даҳана, Чароғчӣ, Ёвон, Қуймот, Сарқамиш ва ғ.);
-Юсупов А.Х. (1963- бошишгоҳҳои Норин, Даҳана, Заркамар, 1970- Тамошотеппа, Ғулакандоз ва ғ., 1971- дувоздаҳ ёдгории давраи неолит, аз ҷумла: Дастгираки Боло ва Зулмобод);
-Пянкова Л.Т. (1965), Соловёв В.В. (1966), Бубнова М.А., Абдуллоев А.Л., Пянкова Л.Т. (1971- дар ёдгории даврони юнону бохтарӣ Тамошотеппа ковишҳо анҷом додаанд);
-Абдуллоев А.Л., (1972- Тамошотеппа);
-соли 1973 се гурӯҳ (ду гурӯҳ оид ба омӯзиши асри санг ва як гурӯҳ оид ба таҳқиқи давраи антиқа). Гурӯҳи А.Х. Юсупов дар ҷойи корхонаи сохташавандаи электрохимиявӣ таҳқиқот гузарониданд. Онҳо дар қисмати шимолии водӣ 7 нуқтаро кашф карданд (аз он 4 бошишгоҳи асри санг- Сарқамиш, Қашқараҳа, Даҳана-2 ва Зардолу; 3 бошишгоҳи даврони таърихӣ- Қашқараҳа, Қалъаи Сафедама ва гӯрхонаи Сарқамиш); гурӯҳи дуюм таҳти роҳбарии Ранов В.А. дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин маротиба ёдгории давраи палеолити қадим Қаратоғ-1-ро дар болотари деҳаи Гулибодом таҳқиқ намуд (ин ёдгорӣ қаблан аз тарафи Лазаренко А.А. кашф гардида буд); гурӯҳи сеюм давраи антиқаро тадқиқ намуда, дар Тамошотеппа олотҳои ба асрҳои V-II-и пеш аз милод мансуббударо дарёфт карданд;
-соли 1974- Ранов В.А. (Қаратоғ), Абдуллоев А.Л. (Тамошотеппа), Юсупов А.Х. (Мирзоии Боло, Чашмасор);
-соли 1975, бинобар сабаби оғоз ёфтани сохтмони роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа-Ёвон тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар водӣ маҳдуд гардида, танҳо омӯзиши қӯрғонҳои Турткӯл ва бошишгоҳи Қарақултеппа (дар ҳаволии Тамошотеппа) идома ёфтанд;
-соли 1976- Абдуллоев А.Л. (теппаи Муллобаротӣ, Қамбарӣ- асрҳои II-IV), гӯрхонаи Қашқараҳа, бошишгоҳҳои Қозибердӣ, Шӯрча- асрҳои X-XII, Сарқамиш, Чоргулқалъа;
-соли 1977- дар қаторкӯҳҳои Қаратоғ ва Рангонтоғ аз 23 нуқта олоти давраи неолит ёфт шуданд;
-соли 1978- ду гурӯҳ кор карда, ёдгориҳои нави давраи қадимро дарёфт карданд: Навобод, Қапчиғай ва ғ. Ҳамчунин, ковишҳо дар бошишгоҳи Даҳана-2 идома ёфта, барои водии Ёвон нахустин бор нишонаҳои қабати маданӣ ёфт шуданд (Юсупов, Филимонова, 1984, с.48-51). Гурӯҳи дуюм дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ 10 бошишгоҳ ва теппаҳоро кашф кард, ки ба давраҳои антиқа ва асримиёнагии аввал ва асримиёнагии мутараққӣ тааллуқ доранд. Дар бошишгоҳҳои давраи юнону бохтарӣ ва кӯшонӣ- Тамошотеппа ва Турткӯл ковишҳо ба анҷом расонида шуданд;
-охири солҳои 70-ум олими кишваршинос Ёрбобоев Г. аз Тутбулоқ олоти сангии белчамонандеро дарёфт кард, ки ба давраҳои палеолоти боло тааллуқ доранд;
-соли 1980 Ранов В.А. дар баробари таҳқиқи Қаратоғ-1, дар Юрғайдара ва Гулхор нуқтаҳои навро ҷустуҷӯ кард;
-соли 1981 танҳо дар бошишгоҳи Қаратоғ-1 тадқиқотҳо идома ёфтанд;
-соли 1982 дар бошишгоҳи Қаратоғ-1 4-умин мавсими тадқиқот гузаронида шуда, гурӯҳи дуюм оид ба омӯзиши ёдгориҳои асри санг 16 макони наверо кашф намуд, ки ба давраҳои неолити мутараққӣ ва неолити нав тааллуқ доранд. Ин гурӯҳ, ҳамчунин, дар ғори Калфи Калон омӯзишро оғоз кард.
Дар давоми 20 соли оянда бо сабабҳои гуногун дар ҳудуди водии Ёвон тадқиқоти бостоншиносӣ гузаронида нашуд.
Соли 2003 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони шуъбаи археологии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Тоҷикистон Филимонова Т.Г ва Аҳмадҷонов М.Р. барои мураттаб намудани Феҳристи ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом дода, рӯйхати ёдгориҳои таърихии водиро тартиб доданд, ки он дар китоби «Феҳристи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» (Душанбе, 2011) интишор ёфтааст.
Солҳои 2007-2008 бо бунёд гардидани НБО Сангтӯда 1 ва обанбори он, гурӯҳи махсуси бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Тоҷикистон таъсис ёфта, дар соҳили рости дарёи Вахш ковишҳо анҷом дода, ҳамагӣ 3 ёдгории давраи асрмиёнагии охирро дарёфт намуданд: истиқоматгоҳи Ҷилҷирак ва мазор дар қитъаи Анористон. Кам будани ёдгориҳои таърихӣ дар ин мавзеъ шояд аз он ҷиҳат бошад, ки заминҳои ин минтақа ҳосилхез набуданд.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ТАЪРИХӢ-БОСТОНШИНОСИИ ВОДИИ ЁВОН
Ёдгориҳои асри санг дар водӣ ба хубӣ омӯхта шуда, дар бошишгоҳҳои давраҳои палеолити поён то давраи охири неолит ошкор гардидаанд.
Далелҳое, ки дар натиҷаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ ба даст омадаанд, шаҳодат медиҳанд, ки одамон дар водии Ёвон дар давраи неолити поён маскун шудаанд (дар таърих чор давраи калони яхбандӣ ёд мешавад, ки дар натиҷаи онҳо қисмати зиёди Аврупо ва Сибир зери ях монда буд. Неолити поён ба давраи миёнаи яхбандӣ рост меояд). Бошишгоҳи Қаратоғ-1 на танҳо дар Осиёи Миёна, балки умуман дар Осиё яке аз бошишгоҳҳои кӯҳантарин маҳсуб меёбад. Аз рӯи ченаки чиннигорӣ (стратиграфическая шкала), ки маҳсули усулҳои навтарини тадқиқот мебошад, замони пайдоиши бошишгоҳи Қаратоғ-1 ҳазораи 600 муайян шудааст.
Бошишгоҳи Қаратоғ-2 (Кулон 3, Ғофилобод) ба давраи палеолити миёна (ҳазораи 100-40 то эраи мо) тааллуқ дорад.
Олотҳои ба давраи палеолити боло (ҳазораҳои 25-10 то эраи мо) тааллуқдошта дар наздикии деҳаҳои Тутбулоқ, Қапчиғай, Ғорбулоқ-1, Қамбарӣ-1, Туроп ёфт шудаанд.
Водии Ёвон дар давраи мезолит (ҳазораҳои 10-6 то эраи мо) низ сернуфус будааст, ки нигораҳои аз деҳаҳои Дастгираки Боло, Пӯстхур, Навобод, Токидара, Оби Мукӣ, Қашқараҳа дарёфтгардида гувоҳи ин мебошанд.
Аҳолии водӣ дар давраи неолит (ҳазораҳои 5-3 то эраи мо- маданияти Ҳисор) боз ҳам бештар гаштааст. Даҳҳо бошишгоҳҳо, истиқоматгоҳҳо ва нуқтаҳои хурде, ки дар қисматҳои шимолӣ ва марказӣ дарёфт гардидаанд, инро исбот мекунанд. Тахмин меравад, ки дар давраи неолит дар водии Ёвон маданияти хоси ин водӣ вуҷуд дошт, ки як ҷузъи маданияти Ҳисор дониста мешавад.
Дар водии Ёвон 75 бошишгоҳи давраи асри санг ёфт шудааст, яке аз калонтарини онҳо Ғулакандоз аст. Аз ин бошишгоҳ 3230 намунаи олоти сангӣ дарёфт шудааст.
Инқилоби неолитӣ қабилаҳои дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза сукунатдоштаро аз ҳаёти шикорӣ ба ҳаёти истеҳсолии чорводорӣ ва кишоварзӣ таҳмил надодааст. Ин қабилаҳо мисли пешина давраи шикори ҳайвонотро аз сар мегузарониданд, ки ёдгориҳои аз водии Ёвон дарёфтгардида гувоҳи ҳаминанд.
Аз давраи биринҷ (ҳазораҳои 3-2 то эраи мо) ду гӯрхонаи дар наздикии деҳаи Хучак, як гӯрхонаи дар ҳаволии деҳаи Кӯзчашма, сафолпораҳои дар деҳаҳои Кӯзчашма, Ғорбулоқ ва Заркамар дарёфтшуда нишона мондаанд.
Тамошотеппа аз асрҳои VI-IV то эраи мо ҳикоят карда, дар бораи давраи қадимии марҳилаи бохтарӣ ва давраи гузариш ба марҳилаи бохтарӣ-юнонӣ маълумот медиҳад. Дар ин давра Тамошотеппа ба шаҳри бузург табдил ёфта буд. Ҳудуди он 16 гектарро ташкил медод, ки бо девори бузургу мустаҳкаме иҳота гардида буд. Хулоса кардан мумкин аст, ки Тамошотеппа дар асрҳои IV-II (то эраи мо) натанҳо дар водии Ёвон, балки дар қисмати ҷанубиТоҷикистони имрӯза яке аз марказҳои калонтарини антиқӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ҳаволии Тамошотеппа якчанд деҳаҳои хурду калон ва посгоҳи Қараултеппа ҷойгир шуда буданд. Яке аз деҳаҳои хурд дар ҷойи имрӯзаи деҳаи Оби Шифо арзи ҳастӣ дошт.
Тадқиқотҳо шаҳодат медиҳанд, ки даврони гулгулшукуфии ҳаёт дар водии Ёвон ба охири IV-II (то эраи мо), яъне ба давраи кӯшонӣ рост меояд. Дар ин замон қариб тамоми водӣ сераҳолӣ буд, аммо аксари мардум дар самти шимолии он сукунат доштанд.
Дар миёнаҳои асри III ва аввали асри II (то эраи мо) соҳилҳои рости дараи Даҳана обод шуда, шаҳраки Ғаравқалъа бунёд мегардад. Ин макон дар ибтидо ҳамчун деҳа бунёд ёфта, сипас ба як шаҳри азими давраи кӯшонӣ табдил меёбад.
Дар ин давра теъдоди шаҳраку шаҳрҳои калон дар водии Ёвон ба 10-12 адад мерасид, ки ин аз вазъи ороми сиёсӣ, тамоюли рушди шаҳрсозӣ ва пешрафту тараққиёти даврони ҳокимияти кӯшониҳо гувоҳӣ медиҳад. Ёдгориҳои муҳимтарини ин давра Ғаравқалъа ва Пахтакор мебошанд. Ин ду шаҳр марказҳои фарҳангии водӣ буданд, ки дар онҳо ҳунармандӣ, тиҷорат ва санъат ривоҷ ёфта ва дар атрофи онҳо деҳоти хурду бузург бунёд гардида буданд.
Ғаравқаъа (дар наздикии деҳаи Ғарав) дар асрҳои II-I (то эраи мо) бунёд гардида, то асрҳои VI-VII (эраи мо) вуҷуд дошт. Дар канори он қабристон ва дар ҷониби ҷанубу ғарбияш кӯрғон (работ)-и Турткӯл ҷойгир шуда буд. Шаҳристони дигари сераҳолии он давра Пахтакор (дар ҷойи деҳаи имрӯзаи Пахтакор, қисмати ҷанубии водии Ёвон) ҳисоб меёфт. Чаманзор, Даҳана, Даҳанатеппа, қалъаи Чароғчӣ, теппаи Муллобаротӣ, шаҳраки Чоргулқалъа, Чорраҳа, Қуймот ва Ғорбулоқ аз ҷумлаи дигар маҳаллаҳои аҳолинишини он замон буданд.
Дар ин давра ҳунарҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ хеле рушд карда буданд. Шаҳрҳо ба воситаи каналҳо обёрӣ мегардиданд. Масалан, дар Ғаравқалъа ҳавзи бузурге мавҷуд буд, ки оби он ба воситаи канал аз Гулисой меомад. Ба шаҳр бошад, тариқи қубурҳои сафолӣ аз дараи Даҳана об оварда буданд. Дар ҳудуди шаҳр ва дар атрофи он боқимондаҳои қубурҳои сафолӣ ёфт шудаанд. Дар работи Турткӯл хатҳои корезии обпарто ёфт шудаанд, ки онҳо аз зери фарши биноҳо мегузаштанд. Ин хатҳо ба шакли нова сохта шуда, болои онҳо бо нимақубурҳо пӯшонида шуда буд. Дар зери фарши биноҳо чуқуриҳо мавҷуд буданд, ки оби истифодашуда дар онҳо мерехт.
Дар давраи Кӯшониён истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ ба авҷи тараққиёт расида буд, ки инро дар осори аз тамоми Осиёни Миёна дарёфтгардида мушоҳида кардан мумкин аст. Зарфҳои сафолии аз Ғаравқалъа дастрасшуда, аз қабили косаҳо ва ҷомҳои гуногуншакл, сепоя, кӯзаҳои дастаҳояшон бо тасвири ҳайвонот ороёфта, хумҳо, муҳру қолибҳои мухталиф, муҳру тамғаҳое, ки бо онҳо дар болои матоъ тасвирҳо кашида мешуданд, тасвирҳои одамону ҳайвонот, ки дар рӯи зарфҳо насб гардидаанд, ҳайкалчаҳои одамон ва ҳайвонот, бозичаҳо ва ороишоти мӯйи занон, ки аз устухон тарошида шудаанд, гарданбандҳои ақиқӣ, ороишоти аз санг тарошидашуда, пайконҳои биринҷии ғӯлаккамон ва ғайраҳо намунае аз бозёфтҳои замони гулшукуфти Кушониён мебошанд.
Дар охири асри IV (эраи мо) империяи Кӯшониён бо ҳуҷуми Ҳайтолиён пароканда мешавад.
Ёдгориҳои давраи аввали асримиёнагӣ, ки ба асрҳои V-VII мансубанд, камтар пажуҳиш шудаанд. Сатҳи болоии хоки Ғаравқалъа ва қалъаи Сарқамиш, ки мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, ба асри V мансубанд. Дар асрҳои VI-VIII дар водии Ёвон шаҳрҳои Меркақалъа, Бурманқалъа, Дастгираки Боло, Дастгираки Поён ва Чаманзор арзи ҳастӣ доштанд. Дар ин давра истеҳсолоти сафол коҳиш меёбад.
Дар ин замон кам шудани теъдоди шаҳрҳо, аз як тараф ба парокандашавии салтанати Кӯшониён алоқаманд бошад, аз ҷониби дигар, ба хушкшавии иқлим вобастагӣ дорад. Хушк шудани иқлим аз асри I (то эраи мо) оғоз ёфта, дар асри III мелодӣ ба авҷи худ мерасад. Танҳо дар асри XIII иқлими минтақа намнок гашта, дар водии Ёвон ба эҳёи шаҳрсозӣ мусоидат кардааст.
Дар асрҳои IX-XII (давраи асримиёнагии мутараққӣ) дар водии Ёвон ягон шаҳри калоне, ки ҳамчун маркази фарҳангӣ эътироф шуда бошад, вуҷуд надошт ва аҳолӣ, асосан дар деҳотҷойҳо сукунат доштанд (Ғорбулоқ, Пӯстхона, Бешбулоқи Боло, Қамбарӣ, Қозибердӣ, Шурча, Кул, Кӯз Қайнар ва ҳудуди деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов).
Бо зуҳури дини ислом ва ҷойи зардуштияро гирифтани он, арабҳо ибодатгоҳҳо-оташкадаҳои дини қаблиро нобуд карданд. Оташкадаҳои сайёре, ки аз Дастгираки Боло ва Ғорбулоқ дарёфт гардидаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки нишонаҳои дини зардуштӣ то дергоҳ дар миёни аҳолии водӣ боқӣ монда будааст. Ин оташкадаҳо аз як манзил ба манзили дигар таҳмил дода мешуданд.
Дар давраи охири асримиёнагӣ низ дар водии Ёвон ҳаёти шаҳрӣ, қариб ки ба мушоҳида намерасад. То асри XVII дар ҳудуди водӣ танҳо шаҳри Ёвон боқӣ монда буд, ки дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳраки Ёвони имрӯза ҷой дошт.
Дар давраи асрҳои XVII- XX низ бостоншиносон мавҷудияти ягон шаҳри ободро дар водии Ёвон тасдиқ накардаанд. Аҳолии водӣ асосан дар рустоҳо мезистанд. Ба назар мерасад, ки дар ин марҳалаи таърихӣ деҳаҳои дар канори роҳи кунунии Ёвон-Душанбе ҷойгиршуда нисбатан сернуфус буданд. Роҳи мазкур водии Ҳисорро бо ноҳияҳои ҷанубии Хатлон пайваст менамуд. Сохти манзилҳои истиқоматии аҳолии кӯҳистон аз усули хонасозии сокинони дашту ҳамворӣ каме фарқ мекард. Дар ҳамвориҳо бинои хонаҳо пурра аз лою похса сохта мешуданд, дар кӯҳистон бошад, чунин похсадеворҳо ҳатман таҳкурсии сангӣ доштанд ва хонаҳо аз ҳуҷраҳои танги ба ҳамдигар зич сохташуда иборат буданд. Хурд будани ҳуҷраҳо шояд аз он сабаб буд, ки пӯшонидани боми онҳо осонтар шавад. Дар давраи мавриди назар нишонаҳои ҳунари кулолгарӣ ба назар намерасанд. Ҷойи олоти сафолиро гаҷи кандакоришуда гирифта буд. Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳунармандӣ, аз ҷумла заргарӣ мавқеи худро нигоҳ дошта, рушд карда буд. Дар рустои Ҷилҷирак (соҳили дарёи Вахш) қолабҳои сангӣ, ки барои рехтани гӯшвор ва дастпонаҳо истифода мешуданд, дарёфт гардидаанд. Ҳамин буд тавсифи мухтасари таърихи водии Ёвон, ки аз маҷаллаи «Археологическая карта Таджикистана. Яванский район» (Душанбе, «Чопхонаи Дониш», 2016) иқтибос карда шуд.
Дар асоси маълумоти каму парешоне, ки асосан шифоҳиянд, ҳаминро илова мекунем, ки ба гумони ғолиб, баъд аз истилои муғул (асри XIII) якчанд оила аз шимоли Тоҷикистон (шаҳри Конибодом) кӯчида ба водии Ёвон меоянд ва дар давоми садсолаҳои минбаъда деҳаҳои Токидара, Мирзоии Боло, Мирзоии Поён, Гулхор, Майдон, Овиё, Қудуқ, Севак ва ғайраҳоро эҳё ва обод мекунанд. Сокинони деҳаи Гулхор, баъд аз он ки зодгоҳи онҳо зери ярч мемонад, ба маркази водӣ кӯчида, дар канори чапи Ёвонрӯд (ҳоло маҳаллаи Ёвони Кӯҳна ва ҳаволии он) маскан мегиранд. Хона-идораи дуқабатаи охирин ҳокими водии Ёвон (то инқилоби болшевикӣ) Абдулвоҳид Додхоҳ дар ҳамин маҳалла ҷойгир шуда буд.