ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО ОМӮЗГОРОН ВА РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ПАДАРУ МОДАРОН

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва шароити мусоид фароҳам овардан барои иломӯзии хонандагон санаи 16 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо аҳли омӯзгорон ва раисони кумитаҳои падару модарони синфҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳия доир гардид. Раиси ноҳия дар суханронии иброз доштанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, муассисаҳои наву замонавӣ дар гушаву канори мамлакат сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар ноҳияи Ёвон низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷояги бо соҳибкорони ноҳия барои баланд бардоштани шароити таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимии ноҳия дар назди муассисаҳо синфхонаҳои иловагии замонавӣ сохта шуда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад. Аз роҳбарият, омӯзгорон ва раисони кумитаҳои падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳия даъват ба амал оаварда шуд, ки дар таъиму тарбияи хонандагон аз усулҳои нави таълим истифода бурда хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд. Дар фарҷом иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи мазкур Табаров Маҳмадсаид ба раиси ноҳия барои таваҷҷуҳи бевосита ба соҳаи маориф ба баргузор намудани як вохӯрии судманд бо омӯзгорони муассисаи мазкур изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки дар ин вохӯрӣ аз ҷониби раиси ноҳия дода шуд бо сари баланд онро иҷро менамоянд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.