БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ ОЗОДӢ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 10 август дар саросари ватани азизамон варзишгарон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин санаи фархунда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша чорабиниҳо таҳия гардида дар ин самт як қатор чорабиниҳои оммавӣ дар ҳудуди ноҳия роҳандози гардида истодааст. Бо ин мақсад санаи 8 августи соли равон аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар деҳаи Озодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов толори варзишӣ мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Зимни ба истифода додани иншооти варзишӣ ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки толори мазкур аз ҷониби шахсони саховатпеша ва саҳми маҳал бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бунёд гардида барои ба тамрин машғул шудани ҷавонону наврасони деҳаи мазкур шароити мусоид мебошад. Раиси ноҳия пас аз баҳрабардории толори варзиши бо ҳайати мурабиён ва тамринкунандагони он суҳбат ороста ба истифода додани як толори кушоду барҳаворо ба ҳамаи онҳо муборакбод намуда, иброз доштанд, ки ҳамаи ин шароитҳо дар пайрави аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали гардида истодааст. Инчунин дар саҳни толор раиси ноҳия бо сокинони деҳаи Озодӣ сӯҳбат анҷом дода барои чунин иқдоми нек ба ҳамаи саҳмгузорон изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки иншооти мазкур барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ саҳми намоён мегузорад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.