Низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегирад

Шуруъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод.

Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.

Низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Бознашр аз сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.