ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО КОРМАНДОНИ САҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ, ИҚТИСОД ВА САНОАТИ НОҲИЯ

Дар доираи барқияи телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2024, № 2/136 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои протоколии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидтибқи ҷадвали тасдиқгардида вобаста ба чорабиниҳо оид ба ҳаракати пахта аз давраи чиниш то ба корхонаҳои коркард супоридани он гурӯҳи кории вилоятӣ таъсис дода шуда, дар ин самт корҳо идома дорад.

Дар ин доира санаи 6 августи соли равон дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ва бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Музаффар ва муовини раиси вилояти Хатлон ои ба саноат Файзуллозода Заробиддин ҷаласаи корӣ бо кормандони соҳаҳои кошоварзӣ, иқтисод ва саноати ноҳия баргузор карда шуд.

Ҳамазамон дар ҷаласа муовин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони корхонаҳои коркади пахта ва ташкилоту муассисаҳои марбут ба соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисод ва саноат иштирок намуданд. Нахсут раиси ноҳия ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифи карда онҳоро ба ноҳияи Ёвон хайрамақдам гуфтанд.

Сипас вобаста ба масъалаи матраҳ гардида меҳмонон суханрони намуда, иброз доштанд, ки яке аз боигариҳои асосии мо ин дар баробари соҳаи саноат соҳаи кишоварзӣ ва махсусан пахта ба шумор меравад. Бинобар ин тамоми кормандони соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро зарур аст, ки кишти пахтаро  зиёд намуда барои иҷрои нақшаи дурнамо саҳми намоёни худро гузорем. Инчунин аз роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта даъват ба амал оварда шуд, ки барои пурра ва беталаф коркард кардани пахтаи ноҳия тамоми чораҳои заруриро андешида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Дар қисмати таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби собиқадори соҳаи кишоварзӣ, деҳқони асил бобои Ҳасан   пешниҳод карда шуд, ки дар ноҳия хоҷагиҳои тухмипарварӣ таъсис дода шавад ва пешниҳоди мазкур аз ҷониби аҳли раёсат ба хушнуди пазируфта шуд.   

Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр барои баргузории чунин вохӯрии пурмуҳтавою судманд ва дастуру маслиҳатҳои муфид ба намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки маслиҳатҳои судманди додашударо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаҳои кишоварӣ, иқтисод ва саноати ноҳия дар амал татбиқ карда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сатҳи баланд таъмин менамоем.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.