35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ
Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр қарор дошта дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад. Санаи 3 августи соли равон ҷавонони фаъоли маҳаллаи Ҷавони-2 ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ба ҳашари умуми баромада барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи тоҷикистони азиз саҳмгузори менамоянд. Ҷавонон дар ин рӯз роҳҳои мошингарди ҳудуди маҳалларо дар масофаи зиёда аз 1,5 км пурра сангфарш намуданд, ки барои гашту гузор дар фасли зимистон барои сокинони маҳал бозҳам беҳтар мебошад. Ҳамзамон дар ду тарафи роҳҳои маҳалла ҷӯйборҳои битонии обпарто бо ҷалби шахсони саховатпеша сохта шудааст. Иқдоми мазкур бо саҳми маҳал ва ҷалби шахсони саховатпеша, ки маблағи худро ба гирифтани маъракаҳои чил ва сол, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо» манъ аст харҷ накарда амали карда шуда, дар пайрави аз ин иқдом дар дигар маҳаллаҳо корҳои созандагӣ бомаром идома дорад.