МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ БАРОИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДА МЕШАВАНД.

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта аз замони аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомона расонида шуда барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат  ва дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия  аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати шаҳраки Ёвон  санаи 17 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз рафти таъмир ва омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба соли  ва нави хониш аз муассисаҳои таълимии рақами 75 ва рақами 1-и ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон дидан намуданд. Ҳамзамон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 аз толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ, ки дар асоси нақша бояд аз ҷониби соҳибкорон ва саҳми ҷавонони маҳаллаи Кароматулло Қурбонов азнавсозӣ карда мешавад дидан намуданд. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои таъмири ва омода намудани синфхонаҳои ба соли нави хониш аз ҷониби раиси ноҳияи дастуру сопоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон ба соҳибкорон ва ҷавонони маҳаллаи Кароматулло Қурбонов барои иқдоми шоиста ҷиҳати азнавсозии майдончаи варзишии муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 аз ҷониби раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдори карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.