ШАРОИТИ КОРИИ КОРМАНДОН ДАР КОРХОНАҲО ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҶИДДӢ ҚАРОР ДОРАД.
Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум дар ҷамоати шаҳраки Ёвон боздид ба амал оварда шуд. Дар ин радиф санаи 17 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз шароити кории кормандони Раёсати нафақа, шуъбаи маориф, Кумитаи замин, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Лоиҳакаш, бонки Эсхата ва шабакаҳои барқи ноҳия дидан намуданд. Дар аснои боздид раиси ноҳия бо тамоми кормандон суҳбати самими анҷом дода аз шароити кории онҳо пурсон гардида, таъкид доштанд, ки ҳар як корманд бояд имрӯз дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, барои ватану миллати худ хизмати шоиста намояд. Инчунин ба роҳбарони корхонаҳое, ки боздид карда шуда дастуру супоришҳо дода шуд, ки барои кормандон шароити бозҳам беҳтару хубтарро фароҳам оваранд. Ҳамзамон раиси ноҳия аз рафти сохтмони бинои нави маъмурии Кумитаи замин ва КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, ки рӯзҳои наздик анҷом меёбад дидан намуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳо доданд.