ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ АҲОЛИ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ БЕВОСИТАИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ҚАРОР ДОРАНД.

Дар пайрави аз сиёсати инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишри ниёзманди аҳоли, дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади истиқбол аз ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аз маркази рӯзонаи Умед пас аз таъмиру азнавсозӣ дидан намуданд. Нахуст меҳмонон аз анҷоми корҳои таъмиру аснавсозии бинои асосии муассисаи мазкур боздид намуда, ба корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд. Ҳамзамон дар ин рӯз барои бошандагони ин марказ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми шахсони саховатпеша ва эҳсонкор дастрахони идона ороста шуд. Меҳмонон бо бошандагон суҳбати самими анҷом дода иброз доштанд, ки роҳбарияти олии мамлакат хосса Пешвои муаззами миллат доим барои дастгирии қишри ниёзманди аҳоли кӯшиш ба харҷ дода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Раиси ноҳия ба ҳамаи он шахсиятҳое, ки дар ободии ин марказ саҳм гузоштанд изҳори сипос намуда бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.