РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Бо мақсадаи сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон нақша чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад. Бо мақсади шиносои пайдо намудан аз рафти корҳои созандаию бунёдкорӣ, дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум санаи 17 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон дидан намуданд. Дар рафти боздид аз ҷониби раиси ноҳия ба раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон дастур дода шуд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаи он иншоотҳои ҷашние, ки ба нақша гирифта шудааст дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад. Инчунин корҳои ободони ва сарсабзу хуррам гардони дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамаоти шаҳрак зери назорати ҷидди қарор дода шавад. Раиси ноҳия иброз доштанд, ки соҳибкорон қувваи бузург мебошанд ва моро лозим аст бозҳам барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва ободу зебо гардонидани шаҳраки Ёвон ҳамкориро бо соҳибкорони ноҳия ҷоннок намоем.