ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ САНОАТИЮ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯ

Бо мақсали сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша чорабиниҳои таҳия намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ чорабиниҳои гуногуни тантанавӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин доира санаи 6 сентябри соли равон дар муассисаи давлатии Литсейи касбии саноатию кишоварзии ноҳия чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои касбомӯзони ин боргоҳ, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд дидан намуда, баҳои баланд доданд. Абдуллозода Саёҳат дар назди ҳозирин суханрони намуда, ҳамаи омӯзгорон ва касбомӯзони литсейи мазкурро аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта зикр доштанд, ки Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифи намуд. Дар чорабини ба як қатор омӯзгороне, ки фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи ҷавонон доштанд бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар қисмати дигари чорабини барномаи рангини фарҳангии омода намудаи ҳаваскорони муассиса ба хотири болидаруҳии ҳозирин ба намоиш гузошта шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.