ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ СИПАРОНИ ВАТАН

Дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли равон дар тарабхонаи Судайси ноҳия чорабинии тантанавӣ ва қадрдонии собиқадорони меҳнат ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан» баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд. Дар оғоз раиси ноҳия суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки миллати тоҷик баъди ҳазор соҳаҳои бедавлати бо заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат тавонист давлати навини худро бунёд намояд ва ба наслҳои оянда як мулки ободу осуда мерос гузорад. Инчунин аз ҷониби дигар баромадкунандагон дар васфи Истиқлолият андешаронӣ карда шуд. Дар қисмати дигари чорабини ба як қатор собиқадорон ва аъзоёни ташкилоти Сипарони Ватан аз номи раиси ноҳия сипосномаҳо дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд. Аз номи раиси ба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат як адад компютер ва як адад принтери замонавӣ тақдим карда шуд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатаии ноҳия барои иштирокдорон дастархони идона ороста шуд. Дар ин рӯз аз ҷониби ташкилоти Сипарони Ватан раиси ноҳия мӯҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ва собиқадори соҳаи милитсия Раҷабов Музаффар бо сипоснома ва медали сарисинагии 32-солагии таъсисёбии Фронти Халқии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон ҳамаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо сипосномаҳои ташкилоти Сипарони Ватан сарфароз гардонида шуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.