Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст

Барои риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёт дар карйерҳои манотиқи Ваҳдат, Ҳисор ва Кӯлоб протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масъулини онҳо ҷаримабандӣ гардиданд. Ҷиҳати пешгирии қоидавайронкунӣ ва ҳофзи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавӣ Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба корхонаҳои истеҳсолии мамлакат, дар маҷмуъ 35 адад огоҳинома ирсол намуда, иҷрои супоришҳои дар онҳо дарҷшударо зери назорати қатъӣ гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати нақлиёт бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» назоратро дар самти ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр намуд.

Ҳоло дар шафати роҳҳо 30 адад нуқтаҳои баркашӣ ташкил ва бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ таъмин гардидаанд. Ба наздикӣ боз чанд адад тарозуҳои динамикии муосир дар маҳалҳои дигари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии «Норак», «Гулистон»- и минтақаи Кӯлоб ва «Қизил-Қалъа»- и минтақаи Бохтар дар шафати роҳҳои автомобилгард насб карда мешаванд.

Инҳо тарозуҳои имконияташон васеъ буда, аз хориҷа ворид карда мешаванд. Онҳо андоза ва вазни воситаҳои нақлиёти боркашро ҳангоми суръати баланди ҳаракат, ҳатто то 100-120 км/соат муайян карда метавонанд. Айни ҳол чунин тарозуҳо дар нуқтаҳои боркашии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва «Маданият»-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд насб ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Тавре маълум аст, ҳамасола бо ташаббус ва иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таҷдиду навсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Ҷиҳати оқилона ва самаранок истифода бурдани роҳҳои автомобилгард санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи роҳу нақлиёт қабул ва мукаммал гардида, ҳамаи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард вазифадоранд, ки меъёрҳои муқараршударо риоя намоянд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 83-и Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, интиқолдиҳандагон ва ронандагон масъуланд, ки вазни бори мошинҳо бояд ба меъёрҳои муқарраргидида дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ мутобиқат кунад.

Бо ташаббуси Вазорати нақлиёт ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани борфиристонанда ва боргиранда дар ҳолати риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ворид карда шуд.

Дар ин хусус Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мавриди риояи меъёрҳои муқаррашуда ҳангоми боркунии бор ба воситаи нақлиёт расман муроҷиат намуд. Хадамот инчунин гурӯҳҳои корӣ ва мобилӣ таъсис дода, онҳоро ба корхонаҳои сементбарорӣ, конҳои истихроҷи ангишт, карйерҳои коркарди қуму шағал ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ барои фаҳмонидани моҳияти риояи муқаррароти тағийироти воридшуда сафарбар кард.

Фаъолияти кормандони Хадамот ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ба таври шабонарӯзӣ дар ин нуқтаҳои баркашӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати риоя накардани вазну андозаҳои муқарраргардида нисбат ба интиқолдиҳандагон чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешаванд.

Давоми моҳҳои январ-майи соли 2024 дар нуқтаҳои баркашӣ ва аз ҷониби гурӯҳҳои мобилӣ, дар маҷмуъ вазни 100444 адад воситаи нақлиёти боркаш чен карда, онҳо бо сертификати баркашӣ таъмин гардиданд. Бори аз андоза зиёди 185 адад воситаи нақлиёт ба миқдори 1289,5 тонна фароварда шуд, ки ин миқдор дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 139,3% зиёд аст.

Дар маҷмуъ, дар ин давра 1014 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Нисбат ба ронандагон бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода, онҳо ба маблағи 3 млн. 447600 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 300 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Қобили тазаккур аст, ки мутобиқи моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм, вазнин, маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва фишор ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз ҷониби ронандагон аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда шуддааст.

Барои мошинҳое, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнинро бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ интиқол медиҳанд, барои шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнин бидуни сертификати воситаҳои нақлиёт, ба шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Мариди ёдоварист , ки дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 6,88% зиёд шуд. Яъне ба ҷои 68 сомонии пештара, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо акнун ба 72 сомонӣ баробар шудааст.

1 июли соли 2024 Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин супориш дод, ки барои пурра аз байн бурдани ҳаракати автомобилҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард тадбирҳои катъӣ ва амалӣ андешида, дар ин хусус ҳар ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.

«Дар мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст», — гуфт Вазир ва ҳадафи асосии пурзӯр кардани назорати вазну андозаи мошинҳоро на барои ҷазо додани интиқолдиҳандагони беинсоф дар шакли ҷарима, балки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард арзёбӣ намуд.

Азим Иброҳим таъкид намуд, ки Вазорати нақлиёт минбаъд шумораи нуқтаҳои ченкунии автоматӣ ва рақамиро дар саросари мамлакат афзоиш дода, назорати қатъии риояи ҳамаи параметрҳои кори ин системаро таъмин мекунад.

Хотиррасон мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 чунин баён доштанд: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард, тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Дар робита ба ин, бояд механизми назорати рақамӣ ба ҳаракати нақлиёти боркаш ҷорӣ карда шавад».

Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни нақлиёти боркаш тадбиҳо андешанд».

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.