Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад
Корпоратсияи чинии Датанг («China Datang») нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис диҳад. Дар ин хусус 11 июл зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори генералии корпоратсияи чинии Датанг («China Datang») дар Осиёи Марказӣ Ван Хао доир шуд, баён гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси корхона ҷонибдорӣ намуда, иброз намуд, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат хоҳем кард.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилояти Хатлон дониста мешавад.
Гуфта шуд, ки корпоратсияи чини Датанг («China Datang») дар Осиёи Марказӣ соли 2002 таъсис ёфтааст, ҳоло ба яке аз бузургтарин таъминкунандагони неруи барқ дар Чин табдил ёфтааст. Корпоратсияи мазкур дар 31 музофоти Чин ва беш аз 10 мамлакат ва минтақаҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Мянма, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Узбекистон ва Сингапур фаъолият мекунад. Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»