КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ ТОБИСТОНА ҶАЛБ КАРДА МЕШАВАНД.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 26 апрели соли 2024 таҳти рақами 927 вобаста ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2024 дар назди 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 8 муассисаи томактабии ноҳия истироҳатгоҳҳои тобистона ташкил карда шуда, кӯдакону наврасон ба онҳо ҷалб карда шудаанд. Дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо шароит барои истироҳаткунандагон фароҳам оварда шуда, бо хуроки гарм ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Рафти фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакону наврасон дар назди муассисаҳо зери назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарнд.