ТЕЪДОДИ ТАҶҲИЗОТИ ОВОЗ (РАДИОШУНАВОӢ) ДАР НОҲИЯ ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД

Дар асоси барқияи телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 14 июни соли 2024 таҳти рақами 3/125 оид ба фаъолияти радиошунавоӣ бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ бо рӯйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, истироҳату фароғати мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозорҳои маркази, терминалҳои мусофиркашонӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бо дастуру супориши бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр то ба имрӯз дар 10 нуқтаи серодами ноҳия таҷҳизотҳои овоз назб карда шуда, алакай радиои маҳалли фаъолият дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша дорад то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таҷҳизотҳои овозро назб намуда, фаъолияти радиои маҳаллиро ба роҳ монад.

Боис ба ёдоварӣ мебошад, ки дар таъмин ва дастрас намудани таҷҳизотҳо ва фаъолияти намудани радиои маҳаллӣ саҳми директорони бозорҳои ноҳия назаррас мебошад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.