ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ЁВОН ДАР ДАВОМИ ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

11 июли соли 2024 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми шаш моҳи аввали соли 2024 баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати ҶТ, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур, муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед инчунин роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия иштирок доштанд. Тавре ки аз ҳисоботи муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат маълум гардид, ки заҳматкашон ва масъулони ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фаъолияти худро дар асоси амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дастуру супоришҳое, ки Роҳбари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар додаанд, шаш моҳи аввали соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Яке аз паҳлуҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, аз иҷрои саривақтӣ ва босифати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷет» вобаста мебошад. Вобаста ба ҷамъбасти нимсола Раиси ноҳия аз нозироти андоз, Раёсати молия, маориф, бахши саноат ва энергетика, Шабакаҳои барқи ноҳия, Омор, комиссариати ҳарбӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, Маркази санитарӣ-эпидимиологӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва як қатор роҳбарони сохторҳои мухталифи ҷомеа доир ба фаъолияташон пурсишҳо ба амал оварда, доир ба пешбурди соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати ҶТ муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур ва муовини раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед суханронӣ намуданд. Муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ масъулини соҳаҳоро вазифадор намуданд, ки аз ҷамъбасти натиҷаҳои индавраина хулосаҳои дуруст бароварда, баҳри татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода баранд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.