ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯ.


Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон санаи 12 июни соли равон дар толори қасри фарҳангӣ ноҳия таҳти раёсати раиси Шурои кор бо ҷавонони ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмулзода Шурои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳияи Ёвон баргузор карда шуд. Инчунин дар ҷаласа муовин, котиб ва аъзоёни Шуро, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, варзишгарон, ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, роҳбарони маҳфилҳои ҷавонон, гирандагони стипендияҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доранд. Дар қисмати дигари ҷаласаи Шуро ҷамъбасти баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Ёвон» миёни ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ доир карда шуда, ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва ҷоми мусобиқа сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, омӯзгорон ва хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанни ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд ва варзишгарони ноҳия ба дастоварду ҷоизаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардидаанд, ки дар ин рӯз қадрдонӣ карда шуда ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.