Давоми ду даҳсола ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои об нақши муҳим гузоштанд
«Давоми ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардидаанд, дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун, ҳавасмандгардонии муколама ва амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзнома дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 гузошта шудаанд, нақши муҳим гузоштанд», — изҳор намуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии тадорукот Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”.
Сарвазири кишвар ёдовар шуд, ки моҳи марти соли 2023 дар ҷараёни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон якчанд масъулияти ихтиёрӣ, аз ҷумла истифодаи барномаи «Раванди оби Душанбе» барои татбиқи минбаъдаи натиҷаҳои Конфронси обии СММ-2023, аз ҷумла Рӯзномаи амал оид ба обро ба уҳда гирифт.
Раванди оби Душанбе, ибтикори ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба дастгирии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тавассути конфронсҳои дусола аз ҷониби Тоҷикистон ва Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид равон гардидааст.
«Тавассути ин ташаббусҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои об ва беҳбуди ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намояд», — гуфт Қоҳир Қасулзода.
Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»