ШУРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.


Санаи 12 июни соли равон дар толори қасри фарҳангӣ ноҳия таҳти раёсати раиси Шурои кор бо ҷавонони ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмулзода Шурои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳияи Ёвон баргузор карда шуд. Инчунин дар ҷаласа муовин, котиб ва аъзоёни Шуро, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, варзишгарон, ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, роҳбарони маҳфилҳои ҷавонон, гирандагони стипендияҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доранд. Кори Шуроро раиси ноҳия ҳусни оғоз намуда, сипас Шарипов Сангмаҳмад-мудири бахши кор бо ҷавонон ва вазиши ноҳия оиди «Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо», Бобобеков Хусрав-директори мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол оиди “Рушди варзиш дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”, Изатов Субҳиддин-директори коллеҷи технологӣ-фарматсефтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон оиди “Ҷавонон ва мавқеи меҳварии онҳо дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат”, Сироҷиддинов Авзалшоҳ-оиди “Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон ва нақшаи калидии онҳо дар пешрафти давлат ва таҳкими арзишҳои миллӣ баромад намуданд. Ҳамаи он масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ҷаласаи Шуро пешниҳод шуда буд мавриди барраси қарор дода шуда, вобаста ба онҳо дар асоси таклифу дархостҳои пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон раиси ноҳия дар баромади пурмуҳтавои хеш иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсатӣ ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ва таҳкими арзишҳои модию иҷтимоии онҳо ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, то ба имрӯздастгириву пуштибони менамояд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.