ИСЛОМ ДИНИ МЕҲРУБОНИСТ ВА МУСАЛМОН ШАХСИ НАКӮГУФТОР АСТ

Мо ҷомеаи омӯзгорони Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон кирдори ғаразмандонаи ба ном мавлавиҳои кишвари Афғонистон Аҳмади Фирӯз ва Абдулқадирро иғвоангезии бешармона дониста, онро қотеона маҳкум мекунем.

Суханони бепоя ва лаҳни хашини ин ду мавлавии худхондаи кишвари ҳамсоя, ки рӯзҳои ахир ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, маънои теша задан ба решаи исломро дорад на хидмат кардан барои ин дини мубинро (чуноне ки худи онҳо талқин мекунанд).

Аслан, мувофиқи таълимоти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ дини ислом дини меҳрубонист ва оне, ки худро мусалмон медонад накӯгуфтор аст, асло нисбати ҳамдину ҳаммилати худ ва болотар аз ин, нисбати як кишвару давлате аз лаҳни дағал ва таҳвину ҳақорат кор намегирад. Аз дигар ҷониб, фитнагариҳо ва мардуми авомро ба ғалат андохтани ин муллоҳои тардоман мақоли «Кӯри худу бинои дигарон»-ро ба ёд меорад. Агар ин нафарон, воқеан дилсӯзи ислом мебуданд, бар зидди он фитнагариҳои шашҷиҳати пешу бари худ садо баланд мекарданд. Имрӯз Афғонистони ҷангзада бештар аз ҳар замони дигар гирифтори фитнаву фасоди нангини «мусалмононе» гаштааст, ки назираш дар солҳои тасаллути Англия, Иттиҳоди Шуравӣ ва Амрико дида намешуд.
Ин ҳама дасисабозиҳои дасти ҳукумати толибон аст, ин воъизони худфурӯш ва хоини дину миллат гумоштаҳои ҳамон толибони бединанд.
Тоҷикистон барои сокинони одии Афғонистони ҷабрдида як кишвари ормонист. Агар он мардуми бечора ихтиёр ва имкон медошт, дар ватани ҷангзада ва вайронаи худ як рӯз ҳам намеистод, балки Тоҷикистонро ватан ихтиёр мекард.

Мардуми мусалмони Тоҷикистон дар эътиқодоти динии худ ҳеҷ мушкиле надоранд. Фитнаангезиҳое, ки Аҳмади Фирӯз ва Абдулқадири хашин дар масъалаи «сатри занон» мекунанд, қатъан муқобили фарҳанги исломӣ нигаронида нашудааст, балки баҳри пешгирии воридшавии фарҳангҳои бегона, ки ҳадафи онҳо мағзшӯйист, роҳандозӣ мешавад.
Дигар ин ки зан-модари тоҷик сатру ҳиҷоби миллӣ ва болотар аз ин, иффату исмати хоси худро дорад, ки комилан мутобиқи шариати исломист.

Аз ҳамдиёрони гиромӣ хоҳишмадем, ки неъмати бебаҳотарини ҳаёт, яъне сулҳу амниятро қадр кунанд ва ҳаргиз ба доми найранги нимчамуллоҳои худхондае ба мисли Аҳмади Фирӯз ва Абдулқадир наафтанд. Онҳо исломи поку назифро дастак карда, виҷдону имони худро ба толибон фурӯхта, халқи Худоро ба гумроҳӣ мебаранд.

Чунин «воъизон» асло шоистаи минбари паёмбари ислом (с) нестанд, зеро ҳадафи онҳо ҳамон ормонҳои шайтонист, ки мардумро бар зидди ҳамдигар мешӯронад.

Ҷомеаи омӯзгорони Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.