ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ ДАР МАҲАЛҲО ИДОМА ДОРАД
Дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр вобаста ба иҷрои банди 10 барқияи ҳукуматӣ аз 1 июни соли 2024, №24/10-42 бо мақсади дар ҳар як кӯча, маҳалла ва деҳа ташкили озмунҳои “Тарабхонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва Фестивали “Таомҳои миллӣ”, “Оши палов”, Фестивали “Тарғиби либосҳои миллӣ”, намоишҳои ҳунарҳои дастдӯзӣ, заргарӣ ва оҳангарӣ нақша чорабиниҳо таҳия гардида, чорабиниҳои гуногун дар ҳудуди ноҳия роҳандози гардида истодааст. Дар ин радиф санаи 18 июли соли равон дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов чорабиниҳои гуногун аз қабилӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, озмуни “Ошпази беҳтарин” ва Фестивали “Таомҳои миллӣ” ва “Оши палов” баргузор карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханрони намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур аз дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия занону модарон иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои кадбонугии ҳунармандон дидан намуда, ба ҳунари болои ҳунармандон баҳои баланд доданд. Сипас муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ва раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон дар назди ҳозирин суханрони намуданд. Аз ҷониби баромадкунандагон иброз гардид, ки мо тоҷику тоҷикистониён бояд дар атрофи сарвари дурандеши худ Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем. Инчунин дар чорабини ба як қатор фаъолзанони ҳудуди ҷамоати мазкур сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд. Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи консерти омода намуда, манзури ҳозирин гардониданд.