ДОНИШНОМАИ ЁВОН БА ИФТИХОРИ 90 -СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НОҲИЯИ ЁВОН.
Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода тасмим гирифта шудааст, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, мондагор шудани таърихи диёр ва фарзандони номдори он то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе бо номи “ДОНИШНОМАИ ЁВОН” таҳия ва чоп карда шавад.
Дар ин робита таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ситоди корӣ таъсис дода шуда, нахуст ҷаласаи якуми Ситод рӯзи 6-уми июни соли равон бо иштироки адибон ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ таъкидан иброз доштанд, ки китоби мазкур бояд таърихи ноҳия ва тамоми ҷанҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии онро дар бар гирифта, мазмунан ва моҳиятан ҷавобгӯ ба талаботи таърихнигорӣ бошад.
Барои таҳияи чунин асари пурарзиш лозим аст, ки доир ба ноҳияи Ёвон, ҳар як деҳаву маҳаллаи он, корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои таърихии диёр ва афроде, ки дирӯзу имрӯз бо мақсади ободию пешрафти маҳал ва Ватан хизматҳои шоён кардаанд, маълумоти таърихӣ ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар амри амалисозии ин иқдоми хайр ҳар як сокини ноҳия метавонад бо пешниҳоди маълумот ва факту рақамҳо саҳмгузор бошад.
Ҷойи зикр аст, ки 11 июни соли 2024 ба таъсисёбии ноҳияи Ёвон 90 сол пур мешавад. Дар ин муддат, хусусан, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин гӯшаи Ватани маҳбубамон симои зоҳирӣ ва маънавии худро куллан дигар карда, роҳи пуршарафи тараққиётро пушти сар кардааст.
Бояд ёдовар шуд, ки Аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон”-и худ ишора кардааст, ки бостоншиносон нахустин маротиба дар миқёси Осиёи Миёна макони аввалини будубоши одамон- Қаратоғро дар ҳамин маҳал (ҳаволии деҳаҳои Гулибодом ва Чормағзак) кашф кардаанд. Замоне (асрҳои VI-I то милод — III мелодӣ), дар ҳудуди водии Ёвони имрӯза 10-12 шаҳру шаҳристонҳои ободон арзи ҳастӣ доштаанд. “Тамошотеппа”, “”Ғаравқалъа” ва боз даҳҳо ёдгориҳо ва нигораҳои пурарзиши таърихии дигар шоҳиди таърихи бойи ноҳияи мо мебошанд.
Таълифи китобҳои алоҳида доир ба таърихи ин ё он гӯшаи диёр иқдоми хирадмандона аст ва агар ин кор дар асоси далелҳои муътамади илмӣ ва воқеӣ амалӣ карда шавад, барои такмил ёфтани таърихи кишвари азизамон мусоидат хоҳад кард.