ЭҲТИРОМИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ.

Яке аз рукнҳои фарҳанги миллиро либоси миллӣ ташкил медиҳад. Либоси миллӣ дар баробари забон таҷассумгари ҳастии миллат ва шиносномаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон аст. Ҳар миллатро бо либос, фарҳанг ва урфу одаташ мешиносаду эътироф менамоянд. Имрўз атласу адрас ва чакани тоҷикӣ дар миқёси олам машҳур гардида, ҳамчун хос ва зеби бонувони тоҷик эътироф гардидааст.

Мутаассифона, солҳои охир  дар миёни бонувони тоҷик пушидани ҳаргуна либосҳои  аврупоӣ, туркӣ, арабӣ, авғонӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз чунин проблема миёни занону духтарони тоҷик ин пушидани ҳиҷоб мебошад, ки  ин либос хоси миллати тоҷик набуда, занони мо онро аз рўи ҳавову ҳавас ба бар менамоянд.

Дар урфият гуфтаанд, ки миллатеро нест кардан хоҳӣ фарҳангашро аз байн бар он миллат нест мешавад.

      Мутаассифона,баъзан мушоҳида мешавад, ки мо ба фарҳанги миллии худ  чандон эҳтиром намегузорем, ин падидаҳои арзишманди фарҳангиро нодида мегирем. Дар интихоб ва пўшидани либос ҳамчун аркони  фарҳанги миллӣ ба тақлид роҳ медиҳем. Дар натиҷа тарзи либоспўшиамон ғайритоҷикӣ мешавад.  Либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат ба ҳам алоқамандии мантиқӣ доранд, чунки либос баёнгари рафтору ахлоқ аст.

           Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ умр ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии виҷдон, рафтор, муносибат, интихоби озоди сарулибос ва амсоли инро тақозо ва таъмин мекунад, аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва њадди худро дошта бошанд. Ҳарчанд ҳудуди марзи ҳар гуна озодиро пеш аз ҳама, қонун муайян мекунад, дар ин самт маърифати инсонӣ ва ҳувияти миллӣ низ, бетаъсир буда наметавонанд.

             Дар пайдо ва интихоб кардани сарулибос ва мавқеи истифодаи он маърифат мададрасон мешавад. Мо фарҳанги қадима ва ғании либоспўшӣ дорем, ки дар тўли таърих новобаста ба таъсирҳои беруна тарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Бо ин вуҷуд, дар давраҳои таърихии муайян бо таъсири омилҳои беруна, шеваи либосдўзӣ ва фарҳанги либоспўшии мо андаке тағйир ёфтааст. Масъалан, бо таъсири авомили динӣ дар фарҳанги либоспўшии мо ҳиљоб ва дастор маъмул гардид, бо таъсири зиндгии ҳамҷавории замони шўравӣ сарулибоси аврупоӣ ба фарҳанги мо роҳ ёфт. Дар замони муосир, ки табиати ҷаҳонишавиро ба худ касб кардааст, имконоти таъсири фарҳангиҳои бегона ба фарҳанги мо зиёдтар шудааст. Шабакаҳои интернетӣ, филмҳои хориҷӣ, алалхусус туркӣ, муҳоҷирати корӣ, сафарҳо бевосита ба кишварҳои дигар аз омилҳои чунин таъсиргузориҳоянд, ки бо вуҷуди маҳдудиятсозиҳо ба тарзи кўр-кўрона реша медавонанд. Ба  назар чунин мерасад, ки иллати асосии ин гуна зуҳуроти бегонапарастӣ маърифати пасти мардум ва ҳисси хурофотпарастӣ ва ё худнамоии эшон аст. Либос зеби одам аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Одаму либос, хонаву палос».

        Маълум аст, ки либосҳои миллӣ ҳамчун як бахши зиндаи фарҳанги анъанавӣ аз қадим дар рушду такомул ва тағйирот қарор доранд. Имрўз низ ин раванд идома  дорад, аммо моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он, тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва бақои суннатҳои миллиро таъмин намоем.

Бо ин мақсад моро месазад, тавассути баргузории чорабиниҳои маърифатию иттиллоотӣ, таблиғотию ташфиқотӣ, озмуну Аксияҳои ҳизбӣ ҷиҳати эҳтиром гузоштани зан ва бонуи тоҷик ба либоси миллӣ, ки эҳтироми ҳар як миллат аст  баргузор намоем.  Аминам, ки  занону бонувони хатлонӣ   бо ақлу хиради воло, зиракии сиёсӣ фарӣанги либоспушӣ ва суннатҳои миллиро эҳтиром менамоянд.

         Саёҳат Абдуллоева – муовини раиси ноҳияи Ёвон

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.