Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид

17 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо ректори Донишкадаи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Абдулазиз Муҳаммад Юсуф ал-Ҳур мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо зимнан масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатарро дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ доир ба бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафҳо, аз ҷумла омода намудани тарҷумонҳои касбӣ табодули назар анҷом дода шуд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.