БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ НОҲИЯ
Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр бо мақсади шиносоии раиси ноҳия аз ҷараёни кишту кор, рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ, клубу китобхонаҳо, истифодаи заминҳои президенти ва наздиҳавлигӣ ва ошноӣ пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии мардум санаи 19 июли соли равон раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз фаъолияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия ва шароити кории кормандони муассисаи мазкур дидан намуданд. Дар аснои боздид раиси ноҳия бо тамоми кормандон суҳбати самими анҷом дода аз шароити кории онҳо пурсон гардида, таъкид доштанд, ки яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакаи ин баровардани кишвар аз бумбасти комуникатсионӣ ба шумор рафта, дар ин самт саҳми кормандони муассисаи мазкур бениҳоят бузург мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як корманд бояд имрӯз дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, барои ватану миллати худ хизмати шоиста намояд. Инчунин ба роҳбари корхона ки боздид карда шуда дастуру супоришҳо дода шуд, ки барои кормандон шароити бозҳам беҳтару хубтарро фароҳам оваранд.