АКОСИ САГ БА СӮИ МОҲТОБ.

“МАВЛАВӢ” — на онест, ки мегӯяд,

МАВЛАВӢ онест, ки амал мекунад, обод мекунад, ҳидоят месозад… МАВЛАВӢ онест, ки дар фикри осоиштагии диёраш аст ва кореро мекунад, ки метавонад. Ҳолати зиёда аз 40 сол идома ёфтани ҷанг дар давлати исломии Афғонистон, истеҳсолу истеъмоли маводи мухаддир, ба макони терроризму экстримизм табдил ёфтани Афғонистон, ба бесаводию ҷаҳолат, хурофоту фанатизм роҳ ёфтани мардуми афғон, поймол гардидани ҳуқуқҳои занону духтарон, таҷовузи ҳамҷинсгароён, ба гушаи хомӯшию фаромӯшӣ рафтани урфу одат ва фарҳанги мардуми афғон ва аз ҳама муҳим роҳгумзада гардидани насли наврасу ҷавонон боиси нигаронӣ на танҳо давлатҳои ҳамсоя ва кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Имрӯз наворе, ки аз ҷониби яке аз мунофиқони ба ном Мавлавии афғон дар бораи гуё дар Тоҷикистони азизи мо эътиқодҳои диннӣ ва арзишҳои дин аз ҷониби Пешвои муаззами миллати мо поймол гардидааст, дар сомонаҳои иҷтимоӣ пайдо гардида, суханронии мунофиқи бо ном “МАВЛАВӢ” боиси нафрати мардуми Тоҷикистон гардидааст. Суханронии “МАВЛАВӢ”-и дар нохунак будаи афғон ба ёди кас мақоли “кури худ бинои мардум” -ро ёдоварӣ мекунад, ки воқеан шармандагӣ аст. Имрӯз дар мулки Афғонистон ба ҷуз ду сухани пучу бемағз аз ҷониби Мавлавиҳо дигар чизе ба мардуми афғон боқӣ намондааст. Ҳамон мардум, аз ҷумла модарону хоҳарони афғон аз ақидаҳои ғаразноку манфиатхоҳӣ чунин Мавлавӣ безорӣ мекунад, баъзан ба лафзи худ дод мегӯяд, лек илоҷ надорад. Агар он минбаре, ки имрӯз ҳамон Мавлавии мунофиқ болояш нишаставу бар зидди сиёсати пешгирифтаи фарзонафарзанди миллати тоҷик, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбати тақдири давлати Афғонистон бетафовут набуда, аз минбарҳои баланди ҷаҳон ҳимояву пуштибонии мардуми афғон мекунад, ҳарф мезанад, тавонад болои он минбари муқаддас, ки бо андешаҳои пучу бемағзи худ ҳамарӯза ҳазорҳо -ҳазор нафар мардуми гумроғи афғонро ба доми ҷаҳолат мекашад, партояд ва роҳаш надиҳад. Вой бар ҳоли минбари Пайғамбар (с)! Вой бар ҳоли сухан! Вой бар ҳоли Ислом! Вой бар ҳоли Ватан бо чунин Мавлавияш!!! Ҳамчун, як зан-модари тоҷик ба Мавлавии ҷоҳили афғон муроҷиат карда мегӯям, ки ту ҳеҷ гоҳ бо як рӯй ва як ақида сухан намегӯяӣ, ақидаҳоят пур аз ғаразҳои аҷнабиён аст, зеро ки ҳастиву вуҷуди ту азони аҷнабиён аст, нони мехӯрдаат, ҳавое, ки аз он нафас мекашӣ муталиқ ба аҷнабиён аст. Каломат низ, аҷнабӣ аст. Ту эй Мавлавии ҷоҳил сулҳи Тоҷикистон ва қадру манзалати Пешвои тоҷиконро аз забони Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Бурҳониддини Раббонӣ шунав, ки мегӯянд: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН рамзи сулҳ ва ваҳдати тоҷикон аст!” Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ маротибаи дуюм ҳамчун, Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми ватандорони тоҷик аст. Мегӯянд миллатеро аз байн бурдан бихоҳӣ, кофист фарҳангашро аз байн бурд. Ба қавли Пешвои махбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ Мо аввал тоҷик ҳастем, баъд мусалмон”, зеро мардуми тоҷик таърихи беш аз се ҳазор сола дошта, бо фарҳангу урфу одати тоҷикӣ дар дунё шинохта шудаанд. Ҳар миллатро фарҳанг ва забонаш муаррифгар аст. Мутмаинам, ки мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла занону бонубони мо ба гапҳои чанд тан аз Мавлавиҳои худхоҳу такаббури афғон, ки ҳамдасти пайравону саркардагони ҳизби террористию экстримистии наҳзати исломӣ аст, дода нашуда, чун ҳамеша ба фарҳанги миллӣ, урфу одат, эътиқодҳои диннии худ содиқ буда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу салоҳ дар Тоҷикистони азизамон мебошанд. Дигар ягон бадхоҳу душман наметавонад, иродаи ин миллати тамаддунофару бофарҳанги тоҷикро шиканад, зеро ҳадафи мо садоқат ба Ватан ва Пешвои миллати хеш аст. Пас ҳамаро бояд дид, аммо ба ки гӯям ба Мавлавии афғон! На! Ӯ кӯри худу бинои дигарон аст, барои мо балои охирзамон аст. Худованд мардуми Афғонистон аз ҷумла занону бонувони афғонро аз чунин мухолифу ватандор эъмин дорад. Боқӣ саг аст, ки ҳамеша аз ҳасудӣ ба суйи моҳтоб акос мезанад…

Саёҳат Абдуллозода – муовини раиси ноҳияи Ёвон

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.