ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУДИИ БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВИИ № 2
Имрӯз, 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии № 2 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии № 2 дорои шаш кат, нӯҳ ҳуҷра, аз ҷумла, як ҳуҷраи қабул, як ҳуҷраи валодат, як ҳуҷраи эмгузаронӣ, як ҳуҷраи табиб, се ҳуҷра барои бистаркунонӣ, як ҳуҷраи озодакор, ташноб ва ҳаммом иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Илова ба маблағи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 176 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла, автоклав, стсос, қуттӣ барои ёрии фаврӣ, яхдон ва дигар лавозимот харидорӣ карда шудааст. Пас аз ба истифода додани бемрхонаи мазкур 13 нафар табибон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Шуъбаи таваллудии Беморхонаи минтақавии № 2 дар шаҳраки Ҳаёти Нав метавонад ба сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳад ба ноҳияи Ёвон, ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ хизмати тиббӣ расонад.
Ҳамчунин, дар ин ҷо нақшаи сохтмони Маркази саломатӣ барои 4300 нафар сокинон шиносоӣ карда шуд, ки дар оянда сохта ба истифода дода шавад.
Боиси тазаккур аст, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 31 иншооти соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 24 миллиону 641 ҳазору 670 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Соли 2023 сохтмони 81 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 54 адади он дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ва берун аз Барномаи мазкур дар 31 адад иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон