ИФТИТОҲИ БИНОИ ДУОШЁНАИ ИЛОВАГӢ ДАР МАКТАБИ № 61 БАРОИ 650 ХОНАНДА
Имрӯз, 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ёвон бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61 ифтитоҳ гардид.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва масъулин иштирок намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагӣ бахшида ба ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия сохтмони бинои дуошёнаи иловагӣ иборат аз 13 синфхона барои 650 нафар хонанда дар ду баст, як ҳуҷраи корӣ барои директор ва як ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон бо харҷи беш аз 2 миллион ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки аз ин миқдор 370 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии муассисаи таълимӣ соли 2022 оғоз ёфта, айни замон мавриди истифода қарор гирифт. Синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоту лавозимот ва аёниятҳои хониш таъмин гардида, шароити хуби таълиму тадрис муҳайё карда шудааст.
Дар ноҳияи Ёвон 85 адад муассисаҳои таълимӣ, ки аз он 75 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 адад миёнаи асосӣ, 2 адад муассисаи ибтидоӣ, 1 адад литсей, 1 адад гимназия ва 1 адад мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд, ки 67476 нафар хонандагон, аз ҷумла 34673 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 2812 нафар, аз ҷумла 1659 зан ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намуда истодааст. Инчунин дар назди 84 муассисаи таълимӣ 280 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 5553 нафар (3273 нафар духтар) кӯдаконро ҷалб намудааст.
Лозим ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми падару модарон дар соли 2023 дар 5 муассисаи таълимӣ хати оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар назди 10 муассисаҳои таълимии №10, 33, 38, 46, 48, 60, 61, 62, 63 ва 81 ҳамагӣ 59 адад синфхонаи иловагӣ барои 2950 нафар хонанда дар 2 баст сохта ба истифода дода шуд.
Дар соли таҳсили 2023, болопӯши бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№17, 21 ва 43 пурра иваз карда шуданд.
Инчунин, раванди корҳои сохтмонии босуръати биноҳои иловагии дуошёна дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3, 23, 49, 69 ва 5 бо маром идома дорад.
Дар соли 2023 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 сохтмони 10 синфхонаи иловагии таълимӣ барои 500 нафар хонанда ва 2 ҳуҷраи корӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории сармояи хориҷӣ (VOLIP) сохтмони 6 синфхона барои 144 хонанда дар як баст, 1 ҳуҷраи кории директор ва 1 ҳуҷраи кории омӯзгорон бо маблағи умумии 1млн 500 ҳазор сомонӣ ба маром идома дорад.
Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон