ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ
Имрӯз, 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ — директори ҶДММ “Конструктор” Ғуломов Шодихон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, соли 2023 ба итмом расид.
Иншооти мазкур ба маблағи 13,9 миллион сомонӣ, иборат аз 9 ошёна бо пенхаус ва 100 манзили истиқоматӣ (42 манзили якҳуҷрагӣ ва 58 манзили дуҳуҷрагӣ) бунёд гардидааст. Масоҳати зери сохтмон 1562 м2, масоҳати умумии қитъаи замин 3200 м2, ҳаҷми бино 23748 м3 мебошад.
Дар рафти сохтмони бинои истиқоматии мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо бунёд гардидани ин истиқоматгоҳи баландошёна як гӯшаи шаҳраки Ёвон ободу зеботар гашта, 100 оила бо манзили зист ва шароити хуби зиндагӣ таъмин шуданд. Баъди ба истифодадиҳии иншоот бист нафар коргарон ба кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар ошёнаи дуюми бино меҳмонхонаи замонавӣ бо 15 ҳуҷра бо талаботи замон бунёд гардидааст.
Дар ошёнаи якум ва таҳхона марказҳои хизматрасонӣ ва толори варзишӣ барои истифодабарии сокинон сохта шудааст.
Саҳни ҳавлии иншоот сафолакпӯш карда, дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо, инчунин чароғакҳои равшанкунанда ва ороишӣ дар бино ҳусни дигар зам мекунад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд доданд.
Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон