ТАВАЛЛУДИ СЕГОНИКҲО ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Субҳи имрӯз дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, модари ҷавони хуштолеъ Шоимардонова Бибилола Абдураҳмонова сокини ҷамоати шаҳраки Ҳаёти-нав сегоник таваллуд намудааст.
Барои табрикот ва аёдати модари ҷавон бо дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ёвон, сарпарасти соҳа Саёҳат Абдуллозода ташриф овард.
Зимни аёдат бо наздикон муовини раиси ноҳия иброз доштанд. «Фарзанди инсон, ки ҳамчун ҷисми заиф ба дунё меояд ва ҳанӯз мустақилият ба даст наовардааст, ба тарбияю оғӯши гарми модар, меҳру шафқат ва навозиш ниёз дорад. Тифл одат, рафтор, феълу атвор ва хислатҳоро тавассути шир ва меҳри модар аз худ мекунад. Ҳамин тавр, ба тарбияи кӯдак аз нахустин рӯзҳои тавлиди ӯ машғул шудан зарур аст». Абдуллозода Саёҳат ба табибон дастур доданд, ки модар ва фарзандони навзод зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуда,мунтазам расидагӣ карда шавад. Зимни суҳбат бо волидайни модари навзод муовини раиси ноҳия иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон,махсус раиси мӯҳтарами ноҳия ҳамеша барои дастгирӣ омода ҳастанд.
Ҳамзамон аз номи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ба модари хуштолеъ ва фарзандҳои навзод туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.