ДЕҲҚОНОН ДАР ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛИ САҲМИ НАМОЁН МЕГУЗОРАНД.

Бо мақсади иҷрои Амри тасдиқшуда аз 16 июли соли 2024, № 103 вобасата ба омӯзиши ҳаматарафаи вазъи соҳаи кишоварзӣ, ченаки кишти зироатҳо, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши пахта, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, пешгирии зироатҳо аз касалиҳои зараррасон, захираи хӯроки чорво, вусъат додани кишти такрорӣ, истифодаи оқилонаи қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, талу теппаҳо ва назди корхонаву ташкилотҳо, ки аз тарафи мутахассисони ботаҷрибаи соҳа таҳлилҳо гузаронида шуда буд, пурсиш намуданд.

Дар рафти баррасии таҳлилҳо ба масъалаҳои мубрами рӯз эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, бо мақсади расидагӣ ба мушкилоти сокинон тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шуданд.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда, истифодаи пурраи заминҳои корам, кишти такрорӣ ва фаъолияти босамари хоҷагиҳои деҳқониро таъмин намуда, барои омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин робита, ба сомон расонидани корҳои банақшагирифташуда тадбирҳои таъсирбахш андешанд.

Ҳамзамон аз ҷониби раиси ноҳия иброз карда шуд, ки деҳқонони ноҳия дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Олии мамлакат, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад саҳмгузор мебошанд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.