ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад

Имрӯз, 16 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал  бозии нахустинро дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон-2024 анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии ифтитоҳии гурӯҳи «Е» футзалбозони Тоҷикистон бо чемпиони Африқо – тими миллии Марокаш вомехӯранд.

Бозӣ дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и шаҳри Тошканд соати 20:00 оғоз мешавад.

Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин рақобатро ба таври мустақим намоиш медиҳад.

Бознашр аз сомнаи расмии АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.