МУДОФИАИ ҲУДУДИ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи таҳия намудаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 сентябри соли равон дар ноҳияи Ёвон Мудофиаи ҳудуди баргузор карда шуд. Макони баргузории чорабинии мазкур варзишгоҳи марказии ноҳия интихоб гардида, дар он раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал лейтенант Собирзода Эмомалӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мудофиаи ҳудуди зиёда аз 8 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Ёвон, ки дар эҳтиёт қарор доранд иштирок намуданд. Раиси ноҳия дар суханронии худ ҳамаи меҳмононро ба ноҳияи Ёвон хайрамақдам гуфта ба Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комисариатии ҳарбии вилояти Хатлон барои иштирок дар чорабинии мудофиаи ҳудуди дар ноҳия изҳори сипос ва минатдорӣ баён намуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.