БОЗДИД АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ НОҲИЯИ ЁВОН

Ҳайати кории меҳмонон аз ноҳияи ба мо дӯст, ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муҳтарам Пинчук Константин Владимирович- раиси Совети депутатҳои ноҳияи Узда, Лушаков Дмитрий Геннадьевич-директори ҶДММ “АСБ Агро кухитичи” ва Хвостов Алексей Владимирович- директори ҶДММ “Айвеко строй” ба ноҳияи Ёвон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистион дар ноҳияи Ёвон нимаи аввали Рӯзи 7 сентябри соли равон ба ноҳтияи Ёвон ташриф оварданд.

Дар доираи ин сафар меҳмонон аз корхонаҳои саноатии истеҳсоли сементи “Джунгтсай Моҳир семен” ва корхонаи истеҳсоли гаҷкартони Моҳир Инвест дидан намуданд. Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Ёвон дар баробаи ноҳияи аграри будан инчунин ноҳияи саноати низ ба шумор рафта дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи калони истеҳсоли семент ва дигар корхонаҳои саноати мавҷуд мебошад, ки барои амали гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад саҳми бориз мегузорад.

Инчунин дар корхонаҳои саноатии ноҳия аксарияти кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳалли ба кор ҷалб гардида барои беҳтар гардидани шароити зиндагиашон фаъолият менамоянд.

Аз ҷониби мутахассисон ба  меҳмонон иброз карда шуд, ки сементи истеҳсолшавандаи навъи 400 ва 500, ки ҷавобгу ба стандартҳои ҷаҳони мебошад ба ғайр аз таъмини бозори дохили ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Мақсади асосии корхонаҳои истеҳсоли семент ин иваз намудани маҳсулоти воридоти ба шумор меравад.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.