ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МЕҲМОНОНИ ДАВЛАТИ БЕЛОРУСИЯ БА НОҲИЯИ ЁВОН

Бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистион дар ноҳияи Ёвон нимаи аввали Рӯзи 7 сентябри соли равон ҳайати кории меҳмонон аз ноҳияи ба мо дӯст, ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муҳтарам Пинчук Константин Владимирович- раиси Совети депутатҳои ноҳияи Узда, Лушаков Дмитрий Геннадьевич-директори ҶДММ “АСБ Агро кухитичи” ва Хвостов Алексей Владимирович- директори ҶДММ “Айвеко строй” ба ноҳияи Ёвон бо сафари корӣ ба ноҳтияи Ёвон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода қабул намуданд. Инчунин бо мақсади бозҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои субманд миёни ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Узда дар утоқи кории раиси ноҳия вохӯрии ҳарду ҷониб сурат гирифт. Нахуст раиси ноҳия меҳмононро ба ноҳияи Ёвон хайрамақдам гуфта, зикр доштанд, ки мо омодаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои ҳаматарафа бо ноҳияи Узда омода ҳастем. Аз ҷониби меҳмонон барои истиқболи гарму самими ва меҳмоннавозии тоҷикона ба раиси ноҳия изҳори сипос ва минатдори баён карда шуд.

Воқеан, даврони Истиқлоли Ватан ин давраи пешрафту тараққиёт мебошад, ки мардуми шарифи мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро сарбаландона гузашт ва ҳоло собитқадамона ба сӯйи пеш, ба сӯйи комёбиҳо ва музаффариятҳои нав роҳсипор аст.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.