БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ ХИЗМАТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ 6593- И НОҲИЯ

Дар доираи тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон як миқдор иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин радиф дар пайрави аз сиёсати роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат дар самти балад бардоштани шароити хизмат дар қисмҳои низомии кишвар санаи 6 сентябри соли равон раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аз шароити хизматии афсарону сарбозони қисми низомии 6593-и ноҳия пас аз таъмиру азнавсозии ошхонаи сарбозон, китобхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти ёрирасон дидан намуданд. Ошхона сарбозони қисми низомии мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурра аз таъмири ҷори бароварда шуда, имрӯз афсарону сарбозон аз он самаранок истифода бурда истодаанд. Раиси ноҳия бо сарбозони қисми низоми суҳбати самими анҷом дода аз шароити хизматии онҳо пурсон шуданд. Инчунин бо дастгирии шахсони саховатпеша нуқтаи хурокпазии тобистонаи сарбозон таъмир шуда истодааст. Дар ин рӯз барои сарбозони қисми низоми дастархони идона ороста шуд. Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр барои бозҳам баланд бардоштани шароити хизматии сарбозону афсарон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.