БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 13 сентябр дар саросари ватани азизамон Рӯзи мелиораторон таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 13 сентябри соли равон дар толори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр чорабинии тантанавӣ доир карда шуд. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур намояндаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Гадев ва сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Хоҷазода изатулло иштирок ва суханрони намуданд.

Сараввал сардори идораи оби ноҳия Шарифализода Лоиқ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифи карда онҳоро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар назди аҳли нишаст суханронӣ намуда, ҳамаи кормандони ин ниҳодро ба муносибати Рӯзи мелиораторон самимона табрику шодбош гуфта саҳми онҳоро дар беҳтар гардидани зиндагии шоистаи мардум арзёби намуданд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин Қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003 — соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст. Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани натанҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд. Аз ҷониби дигар баромадкунандагон кормандони хоҷагии оби ноҳияро бо ин муносибат табрику шодбош гуфтанд.

Дар қисмати дигари чорабинии мазкур як қатор кормандони соҳаи оби ноҳия барои фаъолияти пурсамар, гузоштани саҳми арзанда дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия, беҳтарсозии ҳолати мелиоративӣ ва шодобкунии заминҳо бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.