БА ИСТИФОДА ДОДАНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ РАҚАМИ 47
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта аз замони аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомона расонида шуда барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли равон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и ноҳия, ки воқед дар деҳаи Ҳамзаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав мебошад синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар рафти истифода доднаи синфхонаҳои иловагӣ раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз шароити таълим дар муассисаи мазкур ошнои пайдо намуда, бо хонандагон суҳбати самими анҷом доданд. Ҳамзамон дар саҳни муассиса раиси ноҳия суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта ба истифода додани синфхонаҳои иловагиро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти Олии кишвар донистанд. Сохтмони 3 синфхона, як утоқи кори ва як китобхона бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми маҳал роҳандози карда шудааст. Ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмони баҳои баланд дода шуд. Дар ин рӯз аз ҷониби раиси ноҳия ба муассисаи мазкур ду адад таҷҳизоти сардкунӣ (кондитсионер) ва ба якчанд нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ниёзманд сару либоси мактаби ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.