БА ИСТИФОДА ДОДАНИ НУҚТАҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДЕҲАИ САРГАҲ

Дар доираи тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон як миқдор иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин радиф дар доираи дастуру супоришҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии мамлакат дар деҳаи Саргаҳи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх нуқтаҳои хизматрасонӣ аз қабилӣ бунгоҳи саломатӣ, дорухона, мағозаи хӯрокворӣ ва дарвозаи замонавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми маҳал сохта шуда он аз 3 ҳуҷра ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Нахуст меҳмонон аз шароит ва анҷоми корҳои сохтмони дар бунгоҳи тиббӣ дидан намуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Дорухона ва мағозаи хӯрокворӣ бо иқдоми соҳибкори маҳалли сохта шуда дар доираи тадбирҳои созанда ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Меҳмонон дар назди ҳозирин суханрони намуда, ба истифода додани чунин нуқтаҳои хизматрасониро дар сатҳи маҳал шоиста таҳсин ва офарин гуфтанд. Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия ба он нафароне, ки дар ин иқдом саҳм доранд изҳори сипос ва минатдори баён намуда, онҳоро бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардониданд.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.