СОХТМОНИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БО МАҚСАДИ ОММАВИГАРДОНИИ ВАРЗИШ
Дар пайрави аз сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи тадбирҳои созанда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Парчасойи ҷамоати деҳоти Обшорон майдончаи варзишӣ барои намуди футболи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии иншооти варзишии мазкур раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд. Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону ҷавонони ватандӯстӣ деҳаи Парчамой сохта шудааст. Раиси ноҳия дар назди ҳозирин суханрони намуда, тамоми сокинони деҳаи мазкурро бо фарорасии ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ миёни сокинони сайёра ба шумор рафта мутаҳидкунандаи тамоми халқҳои рӯи замин мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Федератсияи Футболи мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола санаи 25 май дар саросари олам Рӯзи байналмилалии футбол қабул гардид, ки ин боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳи Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат хосса Пешвои миллат барои рушди соҳаи варзиш дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон дар ҳамаи гушаю канори мамлакат иншоотҳои варзиши сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар рафти ба истифода додани майдончаи варзишӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба 50 нафар кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷом раиси ноҳия ба ҳамаи он нафароне, ки дар бунёди иншооти варзишӣ саҳми намоён гузоштанд изҳори сипос карда шуда, ба онҳо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи иҷроияи давлатии ноҳия дар фазои мутантан тақдим карда шуд.