Санаи 13 июли соли равон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода дар дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегии умумӣ ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар шанбегии мазкур ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳрак дар минтақаи зардолузор ба ҳашар баромада мавзеи муайяншударо тоза намуда, гирди дарахтонро нарм намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ ба масъулин ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон, бо истифода аз қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созанда ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарору бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо иҷрои он, барои сокинону меҳмонони ноҳияи Ёвон шароити шоистаи кору зиндагӣ фароҳам гардида истодааст.

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.