Футзалбозони тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе бо дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Футзалбозони тоҷик 5 сентябр бо дастаи мунтахаби Испания ва 8 сентябр бо дастаи мунтахаби Нидерланд рақобат мекунанд. Ҳамчунин 7 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд баргузор мешавад. Ҳар се бозии дӯстона дар Маҷмааи варзишии «Кохи Олимпи»-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Бояд гуфт, дастаи мунтахаби фузали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «Е» ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мунтахаби фузали Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.