АЁДАТИ БОШАНДАГОНИ ХОНА-ИНТЕРНАТИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОН
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 июл дар мамлакат Рӯзи маъюбон эълон гардида, ҳамасола дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 8 июли соли равон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар пайрави аз сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолдон ва маъюбони ноҳия чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, аз номи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ҳамаи бошандагони муассисаи мазкурро ба ин санна табрику муборакбод намуданд. Зимни баромади хеш муовини раиси ноҳия иброз доштанд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба беҳбуд бахшидани шароиту имконоти онҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳия ба муассисаи мазкур як миқдор маводи хурока дастрас карда шуд.