КОРРУПСИЯ АМАЛИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА МЕБОШАД.

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз Коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои доuи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рузи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷум{урии Тоxикистон санаи 25.04.2008 сол Президенти Ҷум{урии Тоxикистон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд.

«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.»

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие баҳисоб меравад, ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда намегузорад маблағҳои давлати барои барномаҳои пешбинишуда амали гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад.

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамакорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21–уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахури)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳадди имкон мутобиқ гардонида шудааст, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

 «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Итминон дорам, ки роҳбарият ва кормандони мақомот барои ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ такони ҷиддие хоҳанд бахшид ва ин мавзӯи мазкур минбаъд ҳам мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

            Расулов Ғолиб – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва     робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон

About The Author

Leave comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *.