Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Покистон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.
Дар доираи сафар инчунин мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид. Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»